Трамп размкори русиягӣ Ҳабиб Нурмагомедовро ситоиш кард

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп размкори русиягии муҳорибаи омехта (ММА) Ҳабиб Нурмагомедовро ситоиш кард. Суханони ӯро оҷонсии навгониҳои RT иқтибос овардаст.

Трамп изҳор кард, ки Нурмагомедов беҳтарин варзишгар дар қаҳрамонии мутлақ (UFC) новобаста аз дараҷаи вазн мебошад. Ба ақидаи ӯ, Ҷастин Гэйҷии амрикоӣ ба рақобати бузург муқобили  русиягӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. «Мубориза пеш аз интихобот баргузор мешавад, аммо ман онро тамошо мекунам. Ин як қувваозмоии ғайриэҳтимолӣ хоҳад буд», – хулоса кард президенти ИМА Трамп.

Нурмагомедов бо рақобатҳояш дар UFC маъруф аст. Вай дар ҳамаи 28 қувваозмоӣ пирӯзӣ ба даст овардааст. Дар мусобиқаи UFC рӯзи 24-уми октябр ӯ бори дигар камарбанди қаҳрамониро дар вазни сабук дифоъ хоҳад кард. Рақиби Нурмагомедов Гэйҷӣ хоҳад буд. Қувваозмоӣ бояд дар замони муносиб барои бинандаи аврупоӣ баргузор шавад.

Дар рейтинги размандагони UFC, ба истиснои дараҷаи вазн, ҷойи аввалро амрикоӣ Ҷон Ҷонс ишғол мекунад. Нурмагомедов дар ҷойи дувум қарор дорад.

Қаблан размкори 31-сола Ҳабиб Нурмагомедов иқрор шуд, ки омодагии сахт хоҳад дошт. Тамринҳо бо сабаби вафоти падар ва мураббиаш Абдулманап Нурмагомедов, ки 2-юми июл дар 57-солагӣ пас аз бемории коронавирус даргузашт, қатъ шуда буд.

Бояд гуфт, ки Ҷастин Гэйҷӣ, размкори амрикоӣ оид ба муҳорибаи омехта (MMA), ҳамватани худ Тони Фергюсонро дар раунди панҷуми мубориза барои унвони муваққатии қаҳрамони UFC дар вазни сабук мағлуб кардааст.

Гэйҷӣ бо шикаст додани Фергюсон довталаби ҳатмӣ дар мубориза бо дорандаи унвони пурраи қаҳрамонӣ Ҳабиб Нурмагомедов гардид.

“Ман интизори камарбанди воқеӣ ҳастам. Ҳабиб беҳтарин дар ҷаҳон аст. Ман чаҳор сол инҷониб барои чунин рақобатҳо кор мекунам ва шодам, ки ИМА-ро дар муқобили беҳтарин размкори Доғистон ва Русия намояндагӣ хоҳам кард. Ман дигар мақсад надорам, ман мехоҳам бо ӯ мубориза барам”, – гуфтааст Гэйҷӣ пас аз рақобат бо Фергюсон.

Дар тӯли карйераи худ Гэйҷии 31-сола 24 бозӣ карда, ду бор шикаст хӯрдааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.