Трамп санади ҷанҷолиро имзо кард ва монеи қатъи фаъолияти муваққати бахшҳое аз ҳукумат шуд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико шоми якшанбеи 27-уми декабр тарҳи 900-миллиарддолларии кӯмаки иқтисодӣ барои муқобила бо паёмадҳои пандемияи фарогири КОВИД-19-ро имзо кард. Барои қабули ин тарҳ давоми моҳҳои дароз баҳс миёни демократҳову ҷумҳурихоҳон ва Кохи Сафед идома дошт.

Худдории Трамп аз ин имзои ин тарҳ боис мешуд, ки бахши калоне аз кормандони ҳукумати федералӣ ба рухсатии бемузд фиристода шаванд ва миллионҳо нафар аз амрикоиҳо бекор бимонанд. Трамп ки дар пайи шикаст дар интихоботи президентии моҳи ноябр Кохи Сафедро тарк хоҳад кард, дар ниҳоят аз ин тасмими худ ақибнишинӣ кард ва ин тарҳро имзо намуд.

Раиси ҷумҳури Амрико аз Конгресси ин кишвар хоста буд, ки бо тағйири ин тарҳ маблағи кӯмаки молӣ ба амрикоиҳоро, ки бо паёмадҳои КОВИД-19 даст ба гиребон ҳастанд, аз 600 доллар ба 2 ҳазор доллар барои ҳар нафар афзоиш диҳад. Бастаи ёриҳои иборат аз 900 миллиард доллар барои афроди бекор ва тиҷоратҳо пешбинӣ шудааст 

Ҳанӯз маълум нест, ки чаро Доналд Трамп тасмими худро дигар кард. Хабаргузории “Рейтерз” менависад, ки мақомоти Кохи Сафед дар ин бора комилан хомӯш ҳастанд, аммо як манбаи огоҳ мегӯяд, ки бархе аз мушовирони ӯ аз вай хоста буданд, ки дар тасмими худ таҷдиди назар кунад.

Трамп шоми якшанбе дар “Твиттер” навишт, ки хабари хубе дар робита ба тарҳи кӯмакҳои молӣ дорад. Аммо ӯ ҳеҷ шарҳе дар ин бора надод.

Демократҳои Конгресс низ мувофиқи афзоиши кӯмакҳои молии 2-ҳазор долларӣ ҳастанд. Аммо бисёре аз ҷумҳурихоҳон бо он мухолифат карда буданд. Дар ҳоле, ки ба навиштаи хабаргузории “Рейтерз”, бисёре аз иқтисоддонҳо мувофиқанд, ки кӯмакҳои молии ин тарҳ бояд бештар аз он бошад, то чархи иқтисоди кишварро бичархонад.

Ҳудуди 14 миллион нафар дар хотири маҳдудиятиҳои иҷтимоӣ бинобар КОВИД-19 дар саросари Амрико кору шуғли худро аз даст додаанд, ки дар сурати худдории Трамп аз имзои ин санади Конгресс,  онҳо наметавонистанд аз ин имтиёз ва кумакҳо баҳраманд шаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.