Трампро ба беморхонаи низомӣ интиқол доданд ва сеюмин сенатор КОВИД-19 шуд

Пас аз он, ки Донлд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои табобат ба беморхонаи низомии берун аз Вашингтон интиқол доданд, хабар пайдо шуд, ки як сенатори дигари ҷумҳурихоҳ низ ба коронавирус гирифтор шудааст.

Бэн Воэлкел, сухангӯи Рон Ҷонсон, сенатори ҷумҳурихоҳ дар як изҳорот гуфт, ки натиҷаи озмоиши ӯ аз КОВИД-19  рӯзи 2-уми октябр мусбат баромадааст.

Ба гуфтаи сухангӯ, Ҷонсон пас аз он ки рӯзи 29-уми сентябр ба Вашингтон баргашт ва фаҳмид, ки бо афроди гирифтори коронавирус тамос доштааст, ташхис супурд.

Хабарҳо дар бораи бемории Ҷонсон дар ҳоле пайдо шуд, ки Том Тиллис ва Майк Лӣ, ду сенатори ҷумҳурихоҳ низ гирифтори коронавирус шуда буданд.

Тиллис ва Лӣ рӯзи 26-уми сентябр дар маросими пешбарии номзад ба Додгоҳи Олӣ дар Боғи Кохи Сафед ширкат варзида буданд.

Кохи Сафед эълон кард, ки рӯзи 2-уми октябр Трампро ба беморхонаи низомӣ интиқол додаанд.

Бемории ногаҳонии Трамп эҳтимол ба маъракаи интихоботии ӯ зарба занад. Чун бемории ӯ таваҷҷӯҳро ба пандемия ҷалб мекунад, ки дар Амрико беш аз 200 ҳазор нафарро кушта ва 7 миллион нафарро сироят кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.