Трампу Байден дар талоши ба даст овардани дили мардум ба иёлоти мухталиф сафар карданд

Трамп, ки соли 2016 дар се аёлат – Мичиган, Висконсин ва Небраска баранда шуда буд, ин навбат ҳам ба хотири дастёбӣ ба дили ин мардум рӯзи 27-уми октябр ба мулоқоти онҳо рафт. Ӯ дар мулоқотҳои худ бештар  аз вазъи истеҳсолот ва ҳам кишоварзӣ сӯҳбат кард, чун дар ин қисмати Амрико аз масоили калидӣ ба шумор мераванд. Трамп хитоб ба сокинони Мичиган гуфт, ки “интихоботи рӯзи 3-юми ноябр масъалаи наҷоти иқтисод аст”.  Ин аёлат бо саноати мошинбарориаш маъруф аст. Ӯ иддао кард, ки Байден сиёсатҳои барои саноат харобиоварро тарафдорӣ мекунад, дар ҳоле, ки худи ӯ пеш аз пандемия ба як иқтисоди шукуфо даст ёфта буд. Пурсишҳои афкори умум ҳокӣ аз он аст, ки маҳбубияти Трамп аз Байден камтар мебошад. Байден дар аёлати Ҷорҷиа маъракаи таблиғотиашро барпо кард, ки соли 2016 дар он Трамп пирӯз шуда буд. Дар Ҷорҷиа аз соли 1992 ҳеҷ гоҳ   демократҳо пирӯз нашудаанд, вале пурсишҳои афкори умум мегӯяд, ки ин навбат демократҳо шонси ба даст овардани раъйи ин мардумро доранд. Байден ваъда дод, ки дар сурати пирӯзиаш тавре барои ҷонибдорон талош кардааст, ҳамонгуна барои дигарҳо ҳам заҳмат хоҳад кашид.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.