Туҳфаи солинавии Шӯрои ҳамкории милитсия бо ҷомеа ба кӯдакону наврасон

 ДУШАНБЕ, 31.12.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли нави 2020  бо дастгирии Шӯрои ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳр дар кӯчаи Яҳё Мирфозилови минтақаи манзилии №3-и шаҳри Норак майдончаи варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак  Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бояд  гуфт, ки бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи  нақшаи  чорабиниҳо  бахшида  ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  аз ҷониби  бонувон  намоиши хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзию зардӯзӣ, бофандагӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуд.

Дар маросими баистифодадиҳии майдонча намояндагони мақомоти иҷроия, шуъбаи корҳои дохилӣ,  муассисаи манзилӣ-коммуналӣ ва варзишгарону сокинони маҳалла иштирок намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз дошт, ки бунёди  иншооти варзишӣ дар кӯчаю деҳаҳо воситаи беҳтарини ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар анҷоми маросим барои сокинон барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр манзур гардид.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.