Ту кистӣ, Малик? Иқрори самимона ва нодири ниҳодсози тоҷик Абдумалик Қодиров

Ту кистӣ, Малик?

Намедонам. Гумон мекунам, ки як тарсуе ҳастам, ки ҳеҷ гоҳ барои худ назистаам. Ва ҳеҷ гоҳ то ба имрӯз бо кӯшишу ғайрати худ ба чизе ноил нагаштаам.

Ҳар он чи, ки ман то ба ин рӯз доштаам, ҳар он чи, ки ман то ба ин рӯз ба он ноил гаштаам, маҳсули кӯшишу ғайрати худи ман набуд. Ин танҳо Худованд буд, ки маро раҳнамоӣ мекард ва раҳ нишон медод. Ва ё шояд рӯҳи модарам буд, ки маро аз дурии дуриҳо наззора мекарду намемонд, ки рафтори дигаре кунам ё ба роҳи дигаре равам ва бадин васиоа гӯё ҷуброни дар кудакӣ маро тарк карда рафтанашро медод.

Ростӣ, ман ҳеҷ як қарорамро худам қабул накардаам. Пас аз синфи 8 мехостам ба техникуми статистикӣ дохил шавам, то “кассир” шавам (як ҳамсинфам маро тарғиби зиёде карда буд), вале нашуд. Раҳматӣ устодам Боқӣ Боқиевич Хуррамов (ҳамоне, ки хеле сахтгир буд ва мо талабаҳо ӯро хеле бад медидем) насиҳат кард, то синфи 10 – ро тамом кунам…

Шояд хости Ӯ буд?

 Ҳангоми дар синфи 10 хонданам тамоми сол барои дохил шудан ба Институти политехникӣ тайёрӣ медидам (мехостам муҳандиси роҳсоз шавам), вале як моҳ қабл аз хатми мактаб ҳамсинфам Икром (ҳоло ӯ Икром Умарзода шудааст) маро “аз роҳ зад”, ва ман шарқшиносӣ рафтам (то хориҷа раваму “Волга” харам)))).

Хориҷа ҳам рафтаму “Волга” ҳам харидам, агарчанде ин “Волга” метавонист нвсиби ман нашавад: боре вертолети мо дар Сурия қариб буд аз баландии 3000 метр суқут кунад (муҳаррикаш ба муддати қариб 3 сония аз кор монда буд ва ман ҳамон вақт ба маҳорати лётчикҳои советӣ қоил шуда будам, ки тавонистанд дар ин муддати кӯтоҳ муҳаррикро аз нав ба кор дароранд).

Шояд дасти Ӯ буд?

Пас аз “Волгахарӣ” тасодуфан (воқеан ҳам тасодуф буд) ба телевизион ба кор даромадам (ташаккур ба Абдулло Муҳаммадиев ва ҳамдеҳаам Латофатбону, ки сабабгори чунин тасодуф шуданд). Баъзе д=стон мегуфтанд, ки журналисти бад ҳам набудам (агарчанде соли 1990 баъди репортажҳоям аз “Баҳманмоҳи хунин” ман “бо хоҳиши худам” аз телевизион аз кор рафтам))).

Шояд дасти Ӯ буд, ки пеш аз “ҷанҷолҳо” маро аз ин кори “ҷанҷолӣ” дур кард?

Замони ҷанги шаҳрвандӣ ман ҳеҷ ҷо нарафтам ва дар Душанбе мондам ва ҳар гоҳе, ки “боевикҳо” (чӣ ғайриконститутсиониву чӣ конститутсионӣ) автобусро нигаҳ медоштанду ҳуҷҷатҳоро тафтиш мекарданд, (чун ҳуҷҷатҳоям гум шуда буданд) ҷони ман як бор аз бадан берун мешуду боз бармегашт (хушбахтона, ҳар гоҳе, ки навбати ман мерасид, яке аз чунин “боевикҳо” ҳатман “э, мон ин уруса” мегуфту ҷони маро халос мекард))).

Шояд дасти Ӯ буд?

dyplom_A4_v1

Душвортарин лаҳзаҳои зиндагиам солҳои баъдиҷангӣ буд. Замоне, ки мани як вақт миллионер (пас аз телевизион ман ҳамроҳи як – ду дӯстам пахта тиҷорат мекардам ва хеле муваффақ ҳам шуда будем) ба як бурда нони сиёҳ зор шуда мондам (ибораи “кидат разбор надора” он замон хеле серистеъмол буд) ва ҳар саҳар аз хона баромада назди ин ё он собиқ шогирд (ҳамонҳое, ки дар вақташ барояшон асосҳои бизнесро омузонида будаму акнун онҳо, ба сабаби географияашон, муваффақ шуда буданд) мерафтам, то чанд рубл \ сомони ба киссаам андозанду ман тавонам он бегоҳ ба кудаконам нон харам. Ҳатто марги падару модар ва сағера монданам маро чунин азият надода буданд. То ба ҳол хотироти он рузхо маро азият медиҳанд. Вале… “Ҳар шом, ки ояд зи пайи ӯ саҳаре ҳаст”… барои ҳар дасти фитодае дасти мададе ҳаст…

Шояд дасти Ӯ буд, ки маро аз он вартаи ноумедӣ раҳо кард?

Хулованд дасти мададашро бо ҳар гуна касон дароз мекунад. Муҳим он аст, ки ту ин дасти дарозшударо рад накунӣ. Чун модару падарамро аз ман дар синни кудакӣ гирифта буд, дигар тамоми умр Ӯ худ онҳоро бароям иваз кард. Агар Ӯ набуд, ман аллакай дар шашсолагиам дар гирдоби дарё, ҳамон ҷое, ки дарёҳои Элоку Кофарниҳон ба ҳам меоянд, ғарқ мешудам, чун гирдоб хеле пурқувват буд ва ман харобу заиф. Вале қуввае пайдо шуда буду маро ба соҳил тела дод ва ман ба сангҳои зери об часпида худро аз об берун карда будам. Агар Ӯ набуд, ман куҷо дар пайраҳаи зиндагиам ака Қурбонро во мехурдам (Худованд мағфираташ кунад), ки бароям ҳам падар ва ҳам бародар шуд ва тӯли чаҳор соли донишҷӯӣ ҳам сарпаноҳ дод ва ҳам як бурда нон (агарчанде танҳо худаш кор мекарду бо як маоши “қоқ”зану 7 фарзандро мехӯронд) .

Агар Ӯ набуд, магар дар лаҳзаи вазнинтарини донишҷӯиям, ки тасмим гирифта будам донишгоҳро тарк кунам (зор монад бепулӣ) тасодуфан дар автобус бо муаллими мактаби миёнаам Матат Насимович Аронов, ки аз яҳудиҳои Тоҷикистон буд, рӯ ба рӯ мешудам ва ӯ, ин яҳудии сад ҳазор маротиба мусалмон, маро ба ҷои худаш ба ним баст (ставка) ба кор таъин кард (агарчанде корро худаш иҷро мекарду ман танҳо охири ҳар моҳ омада “маош” мегирифтам ), то ман донишгоҳро напартоям?

Агар Ӯ набуд, ман куҷо то ба имрӯз бо Райҳон якҷо мемондам (намедонам, ки оё гуноҳҳоямро дар назди ин зани фариштасифат шуста метавониста бошам ё на?) Чун, гумон мекунам, ки ҳеҷ зани дигар бардошти ин қадар “гуноҳ”-ҳои шавҳарро надошта бошад. Агар Ӯ набуд, магар ман соҳиби ин ҷаҳор фариштаи заминӣ мешудам, ки ҳамарӯз дар атрофам мисли парвона пар мезананд? Магар Ӯ набуд, ки ҳар гоҳе, ки ба вазифае соҳиб шаваму дар атрофам дӯстони нониву забонӣ зиёд шаванд, коре мекард, ки аз вазифа равам ва муддате бекор монам, то ин ҳама “дӯстон” ба таври табиӣ аз ман дур шаванду ман тавонам дӯстони асиламро шиносам? Ин ҳама дасти Ӯ буд ва ман барои ҳамаи ин меҳрубониҳо аз Ӯ шукргузорам.

Барои ҳамаи ин меҳрубониҳо аз Ӯ шукргузорам, вале ҳоло, гумон мекунам, ки ба синни камолот расидаам ва бояд бикӯшам, то дигар худ аробаи зиндагиамро бикашам. Бояд худ тавонам, ки дӯстро аз “дӯст” фарқ кунам. Бояд худ тавонам гиреҳи фитнаву ҳиллаҳои бадхоҳонро гушоям. Бояд тарсуиямро (тарсуӣ аз он, ки мабода касеро наранҷонам) паси сар кунаму шуҷоате пайдо кунам, то манфиати хеш ва наздиконамро болотар аз манфиати онҳое гузорам, ки мехоҳанд аз ин “тарсуии” ман сӯйистифода кунанд. Бояд барои хеш ва наздикон зиндагӣ карданро ёд гирам…

Камолот муборак, Малик!

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.