Тундравони исломӣ дар Нигер камаш 70 нафарро қатл кардаанд

Дар натиҷаи як ҳамлаи ифротгароёни исломӣ дар Нигер камаш 70 нафар кушта шудаанд. Алкоче аз Алҳудо, вазири умури дохилии Нигер рӯзи 2-уми январ гуфт, ифротгароён сокинони ду деҳаи наздик ба марзи Малӣ бо номи Чоммбангоу ва  Зарумдариро қатл кардаанд. Ҳеч гуруҳе масъулияти хунрезиро бар душ нагирифтааст.

Мақомоти амниятии ин кишвари фақири африқоӣ гуфтаанд, ки теъдоди қурбониён на камтар аз 70 нафар аст. Тундравони исломӣ, ки бо Ал-қоида робита доранд ва ҳам гуруҳи ба ном Давлати исломӣ солҳост, ки Нигер, Буркина Фасо, Чад, Малӣ ва Мавритания дар минтақаи Соҳилро ноором кардаанд.

Дар хунрезиву муноқишаҳо дар ин минтақае, ки аҳолиаш дар манотиқи васеъу пароканда зиндагӣ мекунанд, ҳазорон нафар кушта шудаанд. Садҳо ҳазор нафари дигар бехонаву дар мондаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.