Туркия 20 мақоми Саудиро барои қатли Хошуқҷӣ муҳокима мекунад

Додгоҳе дар Туркия рӯзи 3-юми июл муҳокимаи 20 мақоми Арабистони Саудиро, ки гуфта мешавад дар қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ даст доштанд, оғоз кард.

Хошуқҷӣ аз мунтақидони Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ буд ва дар моҳи октябри соли 2018 дар консулгарии Саудӣ дар Истанбул кушта шуд.

Мақомҳои Арабистони Саудӣ иддао мекунанд, ки қатли Хошуқҷӣ кори дасти “як гурӯҳи худсар” буда, давлат онро иҷоза надодааст.

Дар айбномаи додситони Истанбул раиси собиқи идораи истихбороти Арабистони Саудӣ Аҳмад Ал-Асирӣ ва собиқ мушовири аршади шоҳзодаи Саудӣ – Сауд Ал-Қаҳтонӣ  ба иқдоми “қатли тарҳрезишуда бо нияти шайтонӣ” муттаҳам шудаанд.

Ба гуфтаи додситонӣ, 18 муттаҳами дигар дар бӯғӣ кардани Хошуқҷӣ даст доштанд. Муттаҳамонро ғоибона муҳокима мекунанд.

Ҷамол Хошуқҷӣ бори охир замоне дида шуд, ки барои такмили санади издивоҷи худ ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул дохил шуд. Ҳеч осоре аз ҷасади ӯ наёфтанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.