Туркманистон ба карантини пурра аз 1 ноябр омодагӣ мегирад

Ҳукумати Туркманистон масъалаи таҳкими чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирусро ҷиддан баррасӣ дорад. Ин чораҷӯӣ ба паҳншавии COVID-19 дар маҳбаси занонаи вилояти Дашоғузи он кишвар рабт дорад, ки ба навиштани расонаҳо, вазъи COVID-19 дар маҳбаси мазкур ташвишовар боқӣ мондааст. Ба иттилои расонаҳо, дар маҳбас наздики 500 зан гирифтори COVID-19 аст. Гуфта мешавад, дар вилояти Лабиоб низ паҳншавии вабои коронавирус ташвишовар аст. Ба ин далел мақомоти Туркманистон тасмим гирифтаанд, ки сар аз 1 ноябр парвозҳои дохилӣ, равуои байни минтақаҳо ва баргузории чорабиниҳои оммавиро манъ кунанд.

“Тасмим ҳанӯз гирифта нашудааст, аммо интизор меравад, сар аз 1 ноябр рафту омад ба минтақаҳо қатъ шавад. Баргузориҳоии чорабиниҳои оммавӣ, амсоли тую маъракаҳо манъ гарданд”, – хабар додааст як манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ин дар ҳолест, ки дар Туркманистон пӯшидани ниқоб ҳатмӣ эълом ва гардиши қатораҳо дар дохили кишвар манъ шудааст. Бо ин вуҷуд мақомоти Туркманистон расман мавҷудияти вабои коронавирусро дар кишвар эълом накардаанд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.