Туркманистон як макони карантини дигар месозад

Баргаштани туркманистониҳое ба ватан идома дорад, ки ба иллати пандемияи коронавирус дар хориҷ аз он кишвар банд монда буданд. Дар шарқи он кишвар бунёди як макони карантини дигар оғоз шудааст.

Минтақаҳои карантин дар шарқи Туркманободи Туркманистон “лабрез” аз муҳоҷирони баргашта шудааст ва бинобар ин, мақомот тасмим гирифтаанд, ки барои мубталоёни коронавирус як макони дигар созанд.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми март иттилоъ дод, ки бунёди макони карантини чорум дар Туркманобод оғоз шудааст. Ин макон дар ҳудуди беморхонаи сироятии ноҳияи Чарҷев ҷойгир аст. Ҳоло дар онҷо насби хаймаҳои низомӣ идома дошта, интизор меравад то аввалҳои моҳи апрел ба истифода дода шаванд.

Мақомоти Туркманистон аз тасмими худ дар бораи тавсеаи карантин ва беҳсозии шароити нигаҳдорӣ дар миёнаҳои моҳи март хабар доданд. Раиси вилояти Лебап ва муовини вазири тандурустии Туркманистон 15-уми март аз бузургтарин макони карантини ин кишвар, ки барои 500 кас дар соҳили Амударё ташкил шудааст, боздид карданд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар низоми тандурустии Лебап, мақомот мехоҳанд, шумори катҳоро дар маконҳои карантин то ба 7000 бештар кунанд.

Бар асоси қонунҳои Туркманистон, шаҳрвандоне, ки аз хориҷ бармегарданд, бояд карантини сеҳафтаина шаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.