Твиттер изҳороти Трамп дар бораи бенизомиҳои Миннеаполисро бо рамзи “таҳрики хушунат” ишора кард

Шабакаи иҷтимоии Твиттер ба як изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи бенизомиҳо дар шаҳри Миннеаполис рамзи “таҳрик ба хушунат” гузошт ва гуфт, ки ин навиштаҷот қоидаро нақз мекунад, вале пок намешавад.

Ин таҳаввулот ихтилофи тоза эҷодшуда миёни Трамп ва Твитерро амиқтар кард, чун як рӯз пеш аз ин Трамп қароре  имзо кард, ки масунияти қонунии шабакаҳои иҷтимоии мисли Твиттер ва Фейсбукро барои матолиби дар саҳифаҳои онҳо нашршаванда заъиф мекунад.

Трамп дар изҳороти ахираш навишт, ки ба Миннеаполис низомиён сафарбар шуданд, чун баъди марги як сиёҳпӯсти бесилоҳ, ки бо гумони нигаҳдошти пулҳои қалбакӣ боздошт шуд,  мақомот бо бенизомиҳои афзоянда рӯбарӯ ҳастанд.

Трамп навишт: “Ин КАЛЛАБУРҲО хотираи Ҷорҷ Флойдро бешараф мекунанд ва ман намемонам, ки чунин шавад.  Ҳоло бо волӣ Тим Волтс сӯҳбат кардам ва гуфтам, ки низомиён тамоми вақт дар канорашон хоҳанд буд. Дар сурати ҳар мушкил назорат таъмин мешавад ва агар дуздӣ шуд, тирандозӣ оғоз мешавад. Ташаккур”.

Дар посух Твиттер гуфт, ки ин изҳорот қоидаҳои Твитерро нақз мекунад, чун мазмунаш таҳрими хушунат аст. Вале бо ин вуҷуд, ба навиштаи Твиттер, онро пок намекунад, чунки ба манфиати ҷомеа хоҳад буд.

Қабл аз ин баъди ду навиштаи Трамп  дар бораи овоздиҳӣ тавассути почта, ки гӯё ба тақаллуб сабаб мешавад,  Твиттер гуфт, ки ин навиштаҳо ба ҳақиқат наздик нест ва ин иқдоми Твиттер мояи хашми президент шуд.

Ӯ рӯзи 28 май қароре имзо кард, ки сохторҳои давлатиро вазифадор мекунад,  ҷорӣ кардани танзими кори ширкатҳои фароҳамкунандаи кори шабакаҳои иҷтимоиро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Вале коршиносон шубҳа доранд, ки татбиқи қарор бидуни ризоияти Конгресс имконнопазир аст ва додгоҳ ҳам онро пуштибонӣ нахоҳад кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.