Украина гуфт, Русия даъватҳо ба муколамаро нодида мегирад

Украина гуфт, аз Русия дархост кард, ки мавзӯи афзоиши танишҳо дар шарқи Украинаро муҳокима кунанд, вале то ҳол посухе дарёфт накардааст, дар ҳоле, ки Маскав ин иддаоро рад мекунад.  Киев ва Ғарб дар хушунатҳои ахире, ки дар минтақаҳои шарқи Укрина – Донетск ва Луҳанск рух доданд, ҷудоиталабони рӯ ба Маскавро гунаҳгор карданд, вале Маскав баръакс гуноҳро ба сари Киев бор мекунад.

Дар наворҳои видеоиву аксҳое, ки ахиран нашр шуд, дида мешавад, ки нирӯҳои Русия дар марзи шарқии Украина ва ҳам нимҷазираи Қрим таҷаммӯъ мекунанд ва ин ҳолат нигарониҳо аз эҳтимоли ирсоли нирӯҳои русӣ ба Украинаро бештар кардааст.  Дар изҳороте, ки 12-уми апрел вазорати хориҷаи Украина нашр кард, гуфта мешавад, ки бар асоси созиш бо Маскав ва шарикони байналмилалӣ, аз Русия расман суол шудааст, ки “ҳузури азим”-и нирӯҳояш дар чанд рӯзи ахир дар марз бо Украина  ва қаламравҳои ишғолшудааш шарҳ дода шавад. Дар изҳорот омадааст: “Мутаассифона, ҷониби Русия аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунад ва мегӯяд, ки чунин чиз вуҷуд надорад”. Дар изҳорот омадааст, ки Киев аз Русия хост, “нирӯҳояшро аз марзи Украина дур кунад ва пахши суханрониҳои ҷангталабона ва хабарҳои  дурӯғинро хотима диҳад”.

Юлия Мендел, сухангӯи президент Владимир Зеленский рӯзи 12 апрел гуфт, ки дафтари президент “барои муколамаи мустақим бо президент Владимир Путин дархост дод”, вале “мо то ҳол ҳеҷ посухе дарёфт накардем ва мо умедвор ҳастем, ки ин ба маънои рад шудани муколама нест”. Хабаргузориҳои русӣ аз қавли Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин гуфтанд, ки “аз чунин дархостҳо ҳеҷ хабаре надорад”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.