Украина зидди 23 ҳунарманди рус парвандаи ҷиноӣ боз кард

Додситонии Украина зидди 23 ҳунарманди рус, ки дар консерти бахшида ба боз шудани пули нимҷазираи ишғолии Қрим иштирок карданд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Онҳо дар вуруди ғайриқонунӣ ба нимҷазира Қрим айбдор мешаванд.

Мақомоти додситонии Украина номи ҳунармандонро ошкор намекунанд, вале расонаи украинии Strana.ua рӯйхати ҳамаи ҳунармандонеро, ки дар чорабинӣ иштирок доштанд, нашр кардааст. Дар миёни онҳо Григорий Лепс, Пелагея, Александр Маршал, Денис Майданов, Олга Кормухина, Александр Буйнов, Дима Билан, Олег Газманов, Валерия, Жасмин, Дмитрий Харатян, Алёна Свиридова ва гуруҳи “Градусӣ” ҳастанд.

Мақомоти Русия дар бораи нақшаи бунёди пули Қрим, ки қаламрави Украинаро давр мезанад, баъди ишғоли нимҷазира хабар доданд. Роҳи мошингарди пул дар моҳи майи соли 2018 ва роҳи оҳани он дар моҳи декабри соли 2019 мавриди истифода қарор гирифт.

Украина, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА сохтмони ин пулро маҳкум намуда, таъкид кардаанд, ки он хилофи соҳибистиқлолии Украина мебошад.

Кишварҳои ғарбӣ бар зидди ширкатҳое, ки дар сохтмони ин пули 19- километрӣ ҳамкорӣ кардаанд, таҳрим ҷорӣ намуданд. Ин пул барои рафтуомади мошинҳо дар моҳи майи соли 2018 ифтитоҳ ёфта буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.