Украинаву Молдова, бо як чашм ба Русия, созиши нави ҳамкориҳои стратегиро имзо карданд

Раҳбарони Молдова ва Украина аз таҷдиди ҳамкориҳо хабар доданд. Ду ҳамсояи наздик, ки стратегияи рӯ ба Иттиҳоди Аврупоро пеш гирифтаанд, айни замон  аз мушкили баҳсҳои ҳудудӣ бо нирӯҳои рӯ ба Русия азият мешаванд. Раҳбари Молдова  рӯзи 12-уми январ дар Киев бо президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот кард ва ин аввалин сафари хориҷии Санду дар мақоми раиси ҷумҳурии Молдова буд. Санду дар интихоботи моҳи декабр бар президент ва номзади рӯ ба Русия Игор Додон пирӯз шуд. Санду бо ваъдаҳои мубориза бо коррупсия сари кор омадааст. Дар давраи раҳбарии Додон, равобити Молдова бо ду наздиктарин ҳамсояаш – Украина ва Русия  асосан яхбаста буд. Санду, ки дар канори Зеленский сӯҳбат мекард, гуфт:

“Мо бо президент Зеленский дар масоили амниятӣ сӯҳбати пурмӯҳтавое доштем.  Мо ба чолиш ва таҳдидҳое таъкид кардем, ки ба амнияти милливу минтақавӣ таъсиргузор мебошанд.  Субот ва амният барои ҳам Молдова ва ҳам Украина хеле муҳим аст. Дар ин замина, мо ба ҳалли сулҳомези муштарак ва қавии низоъҳо бар пояи эҳтиром ба истиқлолият ва тамомияти арзии кишварҳои худ дар чаҳорчӯби марзҳои эътирофшудаи байналмилалӣ таъкид намудем”.

Санду инчунин ба ҳамкориҳои стратегии Молдова бо Украина таъкид кард. Аз замони интихоб шуданаш, собиқ иқтисодшиноси Бонки Ҷаҳонӣ, ба хуруҷи нирӯҳои Русия аз минтақаи Назди Днестр таъкид кард. Ин тааҳуди ӯ Маскавро нигарон кардааст. Украина ҳам, ки дар шарқаш ҷудоиталабони рӯ ба Русия бо нирӯҳои ҳукуматӣ даргир ҳастанд ва соли 2014 Маскав нимҷазираи Қримро ғасб кард, сиёсати рӯ ба Аврупоро пеш мебарад. Зеленский гуфт, ки ҳарду кишвар ҳадафи муштараки узвият дар Иттиҳоди Аврупоро доранд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.