Улмаси Одил – қосиди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум зери сарварии Қадриддин Аслонов ҳуҷҷати “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро қабул намуданд.

Шурои Олӣ Истиқлолиятро дар соати 12.45 эълон намуд. Хабарнигори парлумонии радиои Тоҷикистон Улмаси Одил ба студия мешитобад ва дар соати 13 хабари Истиқлолияти Тоҷикистонро ба миллат мерасонад.

Баъди чанд моҳ Сангак Сафаров, раҳбари “Фронти халқӣ” муаллифи Эъломияи Истиклоли Точикистон Қадриддин Аслоновро вахшиёна ба катл мерасонаду сарбозони “Фронти халқӣ” аввалин қосиди Истиқлоли Тоҷикистон Улмаси Одилро мавриди таҳқиру лату куби шадид қарор медиҳанд. Ӯ Душанберо тарк мекунад.

Ҳукумати феълии Тоҷикистон на танҳо аз боз кардани парвандаи ҷиноӣ ва таҳқиқи  куштори Қадриддин Аслонов худдорӣ мекунад, балки Президент Эмомалӣ Раҳмон худро асосгузори Истиқлоли Тоҷикистон медонад.

Беш аз 20 сол боз номи Қадриддин Аслоновро зимни чорабиниҳои расмии бахшида ба Истиқлоли миллӣ намегиранд.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.