UNDP таъсири вируси навро ба ҳаёти мардум ва ширкатҳои хурду миёнаи Тоҷикистон арзёбӣ кард

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) таъсири пандемияи коронавируси навро ба зиндагии мардум ва корхонаҳои хурду миёна дар Тоҷикистон арзёбӣ кардааст. Гузориш 30-юми сентябр нашр шуд.

Дар гузориши Барномаи Рушди Созмони Милал гуфтаанд, ки таъсири бемории ҳамагир ба зиндагии мардум ва низоми тандурустии кишвар дар таърихи пас аз ҷанги дохилии Тоҷикистон бесобиқа аст.

Дар ин давра бахше аз сокинон бекор монда, даромади корхонаҳо кам шуд ва бисёре аз соҳибкорон дар ҳолати сахти афсурдагӣ қарор гирифтанд.

Тоҷикистон дар охири моҳи апрели имсол мавҷудияти коронавируси навро тасдиқ кард ва толорҳои ороишиву бозорҳо ва тарабхонаҳоро барои муддате баст. Баъзе аз ширкату корхонаҳо, аз ҷумла ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо ба сабаби қатъи парвозҳо қисме аз кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристоданд.

Пратибҳа Меҳта, намояндаи Барномаи Рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон, рӯзи 1-уми октябр дар эъломияе гуфт, дар умум пандемияи COVID-19 натанҳо ба низоми тандурустӣ, балки ба вазъи иқтисодиву иқтимоӣ ҳам зарбаи сангине зад.

Ба қавли ӯ, “буҳрон коромад набудани низоми ҳифзи иҷтимоӣ, амнияти ғизоӣ ва тиҷорату молияи кишварҳоро ошкор ва таҳти хатар гузошт ва Тоҷикистон ҳам истисно набуд.”

Хулосаҳои Барномаи Рушди Созмони Милал бар асоси назарсанҷии ҳазор хонавода ва намояндагони 700 ширкат ба даст омадааст. “Ин гузориш талоше барои оғози баҳси густарда дар мавриди рушди фарогир, одилона ва пойдор дар заминаи таъсири пандемия ва давраи баъди он ва мадад барои барномарезиву сиёсатҳои нав дар Тоҷикистон аст”, — гуфтааст Пратибҳа Меҳта.

Барномаи Рушди Созмони Милал аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон барои муқобила бо пайомадҳои он ба кившар ёрӣ кардааст.

Аз ҷумла, моҳи июл ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳашт тонна хлор ва маҳлули зиддиуфунӣ дод. Он вақт гуфта мешуд, ин маҳлулҳо қисме аз кумаки 2,7-миллиондолларӣ аст, ки Тоҷикистон дар доираи муборизаҳо бар зидди бемории ҳамагир дарёфт хоҳад кард.

Бино ба омори Вазорати тандурустӣ, аз оғози шурӯи пандемия дар Тоҷикистон 9769 нафар гирифтори COVID-19 шуда, 8611 кас шифо ёфтаанд ва 77 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Мутахассисон дурустии омори расмиро зери шубҳа мегузоранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.