UNICEF мехоҳад маоши муаллимони Афғонистонро бидуни дахолати “Толибон” пардохт кунад

Додгоҳе дар Қазоқистон як занро барои қочоқи газ ба Тоҷикистон муҷозот кард

Додогоҳе дарр шаҳри Чимкенти Қазоқистон як занро, ки яке аз ширкатҳои маҳаллиро раҳбарӣ мекунад, барои қочоқи гази моеъ ба Тоҷикистону Узбекистон муҷозот кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Қазоқистон, тафтишот муайян кардааст, ки ин зан солҳои 2020-2021 гази моеъро бидуни санад аз шахсони “муайянношуда” харидорӣ карда, ба кишварҳои ҳамсоя интиқол медодааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ беш аз 966 тонна газро ба маблағи 146 миллион танга ($340,5 ҳазор) ба Узбекистон ва Тоҷикистон ғайриқонунӣ содир кардааст. Зани қазоқ ҳангоми гузаронидани газ аз марз ба кормандони гумрук санадҳои тақаллубӣ нишон медодааст.

Додгоҳ гумонбарро 4,3 миллион танга ($10 ҳазор) ҷарима ва ба пардохти маблағи баробар ба арзиши молҳои қочоқшуда вазифадор кардааст.

Русия аз Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер хост миёни мардуми Афғонистон низоъангезӣ накунад

Намояндаи расмии Вазорат умури хориҷаи Русия Мария Захарова зимни брифинги рӯзи 3 ноябр изҳор намуд, ки Русия нерӯҳои этникии сиёсии Афғонистонро ба худдорӣ аз барангехтани низои дохилии миллӣ даъват мекунад.

“Бар ин назарем, ки дар марҳилаи кунунӣ ба нерӯҳои мухталифи этникии сиёсии кишвар лозим аст, ки аз амалҳои барангехтани муноқишаи байни мардуми афғон худдорӣ кунанд”, – гуфтааст ӯ дар шарҳи маълумот доир ба омодагии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ  ҷиҳати азсаргирии амалиёти ҷангӣ бо гуруҳҳои тундгаро.

Захарова зикр кардааст, ки ҷонибҳои даргир “бояд роҳҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳаи миллиро низ ҷустуҷӯ кунанд, то сулҳу субот ва амнияти пойдор дар Афғонистон ва минтақаи атроф барқарор шавад”.

Вай ҳамчунин ҳамлаҳои террористии 2 ноябр аз сӯи ДОИШ дар як бемористони низомии Кобулро, ки бино ба гузоришҳо, ҳудуди 20 нафар кушта ва беш аз 40 нафар захмӣ шудаанд, маҳкум кард.

Шакар дар Русия гарон шуд, таъсираш ба Тоҷикистон расид

Вазорати кишоварзии Русия гуфт, ширкатҳои истеҳсолкунандаи шакар дар ин кишвар нархи онро дар як ҳафтаи охир 1,6 дар сад гарон кардаанд.

Тағйирот дар нархи шакари русӣ метавонад, ба бозори Тоҷикистон ҳам таъсир расонад. Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ҳудуди 84 дар сади ин маҳсулот аз Русия оварда мешавад.

Бар асоси омори расмӣ, нархи шакар дар Тоҷикистон соли гузашта тақрибан 20 дар сад боло рафта буд. Барои мисол, дар тирамоҳи соли гузашта нархи як килои он шашнуим-ҳафт сомонӣ буд, ҳоло 9-10 cомонӣ аст.

Сокинони Тоҷикистон дар як сол тақрибан 130 ҳазор тонна шакар ва қанд истеъмол мекунанд. Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли гузашта ба кишвар ба маблағи зиёда аз 57 миллион доллар шакар овардаанд.

UNICEF мехоҳад маоши муаллимони Афғонистонро бидуни дахолати “Толибон”* пардохт кунад

Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё UNICEF гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир раванди сабти муаллимони мактабҳои духтарона ва писарона дар Афғонистонро оғоз кардааст ва мехоҳад, ки ҳарчӣ зудтар маошҳои онҳоро ба таври мустақим ва бе мудохилаи Толибон бипардозад.

Муаллимони афғон давоми моҳҳои ахир борҳо аз Толибон хостанд, ки мушкилоти онҳоро дарк ва ҳарчӣ зудтар ҳал кунад. Бархе муаллимони афғон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки агар маоши муаллимон пардохт нашавад, мактабҳои духтарона, ки то синфи шашум боз аст, низ баста мешавад.

Масъули бахши таълимии Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони СММ барои Афғонистон ба ин назар аст, ки беҳтарин роҳи ҳимоят аз омузиши духтарон ин аст, ки аз мактабҳо ва муаллимони онҳо пуштибонии молӣ сурат бигирад. Вай мегуяд, ниҳодҳои кумакрасон бояд нагузоранд, ки кудакони Афғонистон аз омузиш маҳрум шаванд.

TALKO Gold то ҷашни Наврӯз комилан ба кор мепардозад

Маҷмааи истеҳсолиии ҶСП “ТАЛКО Голд” (TALKO Gold), ки сохтмонаш дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷараён дорад, то охири моҳи марти соли 2022 пурра барои истифода омода хоҳад шуд.

бинокорон хабар доданд, ки ҳоло танҳо ба анҷом расондани корҳои насбу пардозгарӣ боқӣ монда, истихроҷи флюорит, ки барои истеҳсоли алюминий истифода мешавад, аллакай оғоз ёфтааст.

Дар назар аст, ки аввали соли оянда иқтидорҳои истихроҷи фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо  ба кор дароварда шуда, пас аз итмоми корҳои сохтмон то ҷашни Наврӯз, маҷмаа пурра ба фаъолият оғоз мекунад.

ҶСП «Талко Голд» дар заминаи маъдани кони Кончоч бунёд мегардад. Ин кон аз се қитъа Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон иборат аст. Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла сурма қариб 265 ҳазор тонна, тилло ҳудуди 50 тонна, флюорит – беш аз 70 ҳазор тонна, нуқра беш аз 59 ҳазор тонна, симоб 1197 тонна ба қайд гирифта шудааст.

Мардуми Тоҷикистон 3 рӯз истироҳат мекунанд: аз 6 то 8-ум ноябр

Мардуми Тоҷикистон охири ҳафтаи равон ва аввали ҳафтаи оянда 3 рӯз, аз 6 то 8 ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора муовини раиси Иттифоқҳои касаби Тоҷикистон Исмоил Файзизода ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Мавсуф гуфт, ки се рӯзи пайи ҳам омадани рӯзи истироҳат ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон марбут аст, ки тибқи қонунгузорӣ агар рӯзҳои ид ба рӯзи истироҳат  рост оянд, рӯзи кории баъди истироҳатӣ рӯзи истироҳатӣ эълон мешавад.

Сообщение UNICEF мехоҳад маоши муаллимони Афғонистонро бидуни дахолати “Толибон” пардохт кунад появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.