“Uzbekistan Airways” 17 ҳавопаймояшро мефурӯшад

Ширкати ҳавопаймои “Uzbekistan Airways” 5 ҳавопаймои “Boeing”, 5 ҳавопаймои “Ил 76” ва 7 ҳавопаймои “Ил 114-100”-и худро мефурӯшад.

Ширкат дар ҳоли ҳозир тасмим дорад, ки то охири соли равон ду ҳавопаймои “Airbus A321neo LR”-ро ба иҷора гирад. Ҳамчунин ба иҷора гирифтани се ҳавопаймои “A321neo”-ро дар соли оянда дар назар дорад.

Интизор меравад, “Uzbekistan Airways” барои ширкати “Uzbekistan Helicopters” чаҳор чархболи “Airbus” (ду чархболи Н125 ва ду чархболи H130) харидорӣ карда, як чархболи “Ми-8”-ро фурӯшад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.