Узбекистон 1150 нафарро аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунад

Рӯйхати ашхосе, ки аз шаҳрвандии Узбекистон маҳрум хоҳанд гашт, нав шуд. Сафорати Узбекистон дар Москва шумори онҳоро 1150 нафар номидааст.

Бино ба хабарҳо, ин афрод беш аз се сол дар хориҷ аз кишвар кор карда, худро то ҳол дар қайди консулгариҳо намондаанд.

Дар рӯйхати мазкур 947 қазоқтабор, 84 рус, 43 ӯзбек, 25 қарақалпоқ ҳаст. Ҳамчунин дар миёни онҳо қирғизтабор, тотор, яҳудӣ, белорус, украин, куриёӣ, туркман ва турк низ дида мешавад.

Сафорати Узбекистон дар Москва гуфтааст, бар асоси банди 21-и қонун “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Узбекистон”, масъалаи маҳрум кардани афроди мазкур аз ҳаққи шаҳрвандӣ баррасӣ мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.