Узбекистон 12 узви “Ҳизб-ут-Таҳрир”-ро боздошт кардааст

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Тошканди Узбекистон 12 нафарро бо гумони иштирок дар фаъолияти созмони мамнуи ифротгарои “Ҳизб-ут-Таҳрир” боздошт карданд.

“Боздоштшудаҳо зери раҳбарии Р. У, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Юнусободи Узбекистон бо ифротгароӣ машғул буданд”, – омадааст дар иттилоияи пулиси Тошканд.

Ба огаҳии манбаъ, Р. У. ва ҳамроҳонаш тавассути Интернет бо шаҳрванди Қирғизистон Маҳмудҷон Холдоров, соли таваллудаш 1980, ки ба Украина паноҳ бурдааст, тамос доштаанд.

Шаҳрвандони Узбекистон гӯиё мавъизаҳои шаҳрванди Қирғизистон ва маводи ифротгароӣ дар бораи “Ҳизб-ут-Таҳрир”-ро дар кишвари худ паҳн карда, ҳамчунин ба сафи созмон шахсони навро ҷалб менамудаанд.

Вазорати умури дохилии Узбекистон шаҳрвандони он кишварро ҳушдор додааст, ки иштирок дар фаъолияти “Ҳизб-ут-Таҳрир”, ҷонибдории идеяҳои созмон, ҳифз ва паҳн кардани мавъизаҳои шахсе бо номи “Maxmud Аbdulmoʼmin” (Маҳмудҷон Холдоров​) ҷиноят аст.

Пештар низ дар бораи боздошти 10 узви “Ҳизб-ут-Таҳрир” дар ноҳияи Олмазори Тошканд хабар дода шуда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.