Узбекистон 300 000 моя ваксинаи “Спутник V” дарёфт мекунад

Интизор меравад, Узбекистон то охири моҳи апрели соли равон 300 000 моя ваксинаи русии зидди коронавирус — “Спутник V”-ро дарёфт кунад. Дар ин бора сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов дар ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза зидди коронавирус дар шаҳри Тошканд хабар дод.

Ба гуфтаи сарвазири Узбекистон, қарор аст, кишвараш то охири моҳи равон 1 миллион моя ваксинаи чинии зидди коронавирус дарёфт кунад.

Орипов афзуд, ки сокинони Узбекистон метавонанд яке аз ин ду ваксинаро интихоб намоянд.

Пештар хабар дода шуд, шумори узбекистониҳое, ки бо ваксинаи зидди коронавируси нав эм шудаанд, аз 400 ҳазор гузаштааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.