Узбекистон барои даъват ба беназмии оммавӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ кард

Сенати Узбекистон лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки барои даъват ба бетартибии оммавӣ ҷавобгарии ҷиноиро пешбинӣ мекунад.

Ба банди “Бетартибии оммавӣ”-и Кодекси ҷиноии Узбекистон қисми наве илова шуд, ки барои нақзи он то 300 нишондиҳанда ҷарима, ё то ду сол корҳои ислоҳӣ, ё маҳдуд шудани озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол ва ё аз 3 то 5 сол зиндонӣ шудан пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин амале, ки бо маслиҳати пешакӣ ё бо истифода аз воситаҳои ахбори ому интернет анҷом шудааст, аз 300 то 400 нишондиҳанда ҷарима, ё аз 2 то 3 сол корҳои ислоҳӣ ва ё маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 солро дар пай хоҳад дошт.

Банди нав барои даъвати оммавӣ ба итоат накардан ё нақзи қонунгузорӣ, аз ҷумла бо истифода аз расонаҳо ҷарима дар ҳаҷми аз 60 то 80 нишондиҳанда пешбинӣ кардааст.

Сомонаи сенат ҳадафи тағйири қонуни мазкурро “пешгирӣ аз даъватҳо ба бетартибиҳои оммавию паҳни хабарҳои дуруғе, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ ва амният хатар доранд”, номидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.