Узбекистон дар ду соли оянда барқро қимат намекунад

Мудири ширкати “Шабакаҳои минтақавии барқӣ”-и Узбекистон Улуғбек Мустафоев 26 октябр дар суҳбат бо телевизиони “Узбекистон 24” гуфт, солҳои 2021 ва 2022 арзиши нерӯи барқ дар ин кишвар боло бурда нахоҳад шуд.

“Вазифаи аслие, ки президент гузоштааст, ин гарон нашудани арзиши нерӯи барқ дар солҳои 2021-2022 мебошад”, – афзуд Улуғбек Мустафоев.

Ба гуфтаи Мустафоев, бозсозӣ ва замонависозии низоми интиқоли барқ на аз ҳисоби боло бурдани тарифҳо, балки аз ҳисоби поин бурдани арзиши аслӣ сурат хоҳад гирифт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.