Узбекистон, дар ин кишвар “навъи бритониёӣ”-и коронавирус сабт шудааст

Дар Узбекистон бори аввал “навъи бритониёӣ”-и коронавирус сабт шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустии он кишвар хабар доданд.

Навъи нави коронавирус дар ҷисми духтари 10-солае ошкор шудааст, ки рӯзи 23 январ ҳамроҳи хонаводааш аз Дубай баргашта буд.

“Ташхис натиҷаи мусбат нишон дод ва вай ба бемористон интиқол ёфт”, – хабар доданд аз вазорат.

Хонаводаи ин духтар ба карантини хонагӣ фаро гирифта шудаанд.

“Айни замон вазъи бемор муътадил аст ва вай шикояте надорад”,-гуфтанд дар Вазорати тандурустии Узбекистон.

Ин вазорат ҳамзамон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз сафар ба кишварҳои дигар худдорӣ кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.