Узбекистон муҳлати манъи парвозҳо бо 7 кишварро тамдид кард

Узбекистон муҳлати манъи парвозҳоро бо Бритониё, Итолиё, Дания, Австрия, Австралия, Нидерландия ва Африқои Ҷанубӣ то 1-уми феврали соли равон тамдид кард.

Ин қарорро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза зидди коронавируси Узбекистон бо назардошти вазъи эпидемиологии кишварҳои мазкур қабул кардааст.

Мақомоти Узбекистон пештар, дар пайи ошкор шудани намуди нави коронавирус дар Бритониё, парвозҳо ба чандин кишвар, аз ҷумла баъзе аз кишварҳои аврупоиро то 10-уми январ манъ карда буданд.

Тибқи қарори комиссия, вуруди шаҳрвандони кишварҳои мазкур ё шахсони бешаҳрвандие, ки дар онҳо доимӣ ба сар мебаранд, ҳамчунин шаҳрвандони кишвари севум, ки давоми 14 рӯзи ахир аз он давлатҳо боздид кардаанд, ба Узбекистон манъ аст.

Шаҳрвандони Узбекистон, ки давоми 14 рӯзи ахир дар Бритониё, Итолиё, Дания, Австрия, Австралия, Нидерландия ва Африқои Ҷанубӣ буданд, ҳангоми баргашт ба ватан 14 рӯз карантин хоҳанд шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.