Узбекистон пойафзолҳои “Nike” ва “Adidas” истеҳсол мекунад

Раиси Анҷумани “Узчармсаноат” Фахриддин Бобоев дар суҳбат бо Review.uz гуфт, қарор аст дар Узбекистон истеҳсоли пойафзоли брендҳои маъруфи Nike ва Adidas ба роҳ монда шавад.

“Бо ширкатҳои маъруфи Nike ва Adidas барои ворид шуданашон ба бозори мо қарордод имзо шудааст. Истеҳсоли пойафзолҳои варзишӣ қарор аст дар вилояти Андиҷон ба роҳ монда шавад”,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, Узбекистон ба андозаи кофӣ маҳсулоти пусти хоми босифат ва нерӯи кории арзонтар дорад. “Ҳамаи ин “имтиёзҳо” бояд ба шарикони тавонманд расонида шавад. Он замон шумори брендҳои маъруфи ҷаҳоние хоҳад афзуд, ки дар Узбекистон истеҳсолотро ба роҳ мемонанд”,-изҳор дошт Бобоев.

Бо ташаббуси як қатор созмонҳои байналмилалӣ соли 2012 беш аз 130 бренди маъруфи ҷаҳонӣ аз харидории пахтаи узбекӣ ба иллати истифодаи нерӯи иҷборӣ ва кӯдакон дар ҷамъоварии он даст кашиданд. Президент Шавкат Мирзиёев бо сари қудрат омадан қонун дар бораи манъи истифодаи нерӯи иҷборӣ ва кӯдаконро дар ҷамъоварии пахта имзо кард ва давоми чанд соли ахир мақомоти узбек талош доранд, ки таҳримҳо зидди пахтаи худро бекор кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.