Узбекистон тасмим дорад, равуои нақлиётро бо Афғонистон ба роҳ монад

Узбекистон рафтуои мошинҳо ва қатораҳоро бо Афғонистон барқарор мекунад. Дар ин бора Исматтуло Иргашев, намояндаи махсуси президенти Узбекистон дар умури Афғонистон рӯзи душанбе хабар дод.

“Албатта, мо равуои мошинҳо ва қатораҳоро бо Афғонистон барқарор мекунем. Нақлиёт ба Афғонистон ғизо ва дору мебарад, ки афғонҳо ҳоло ба он ниёз доранд”, – гуфт Иргашев.

Ба гуфтаи вай, Узбекистон марзашро бо Афғонистон ба далели паҳншавии КОВИД-19 бастааст, на ба сабабҳои дигар.

Ҳоло маълум нест, ки марзҳо то кай баста мемонанд. Зеро, Иргашев мегӯяд, бозшавии марз бо Афғонистон на танҳо аз беҳшавии вазъи беҳдоштӣ, балки аз ташкили ниҳодҳои нави давлатӣ дар он кишвар вобаста аст.

“Бояд вазоратҳо ва дигар ниҳодҳо ташкил шаванд, зеро ниҳодҳои наве, ки аз сӯи Толибон ташкил шудаанд, муваққат ҳастанд”, – гуфт Исматулло Иргашев.

Равуои нақлиёт байни Узбекистон бо Афғонистон дар моҳи марти соли 2020 ба далели паҳншавии вабои коронавирус қатъ шуда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.