Узбекистон теъдоди зиндон ва маҳбусони худро эълом кард

Дар Узбекистон аз ҳар 100 ҳазор нафар 68 кас дар зиндон ё дигар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд. Дар ин бора рӯзи 11-уми январ дар ҷаласаи Кумита порлумони Узбекистон дар умури дифоъ ва амният хабар дода шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ин кишвар 18 зиндони дорои низоми сахт, 25 муассисаи ислоҳӣ ва 11 боздоштгоҳи муваққатӣ фаъолият мекунад.

Бар пояи омори Вазорати умури дохилии Узбекистон, дар зиндонҳои он кишвар беш аз 22 ҳазор зиндонӣ нигаҳдорӣ мешавад. Беш аз 14 ҳазори онҳо дар зиндонҳои низомашон сахт адои ҷазо мекунанд.

“Барои таъмини шаффофияти шароити нигаҳдории маҳбусон ва пешгирӣ аз шиканҷаву зуровариҳо дар ҳамаи зиндонҳо, муассисаҳои ислоҳӣ ва боздоштгоҳҳои муваққатӣ 3280 дурбини назоратӣ насб шудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.