Вакили дифои қазоқ баъди як моҷаро дар шуъбаи пулис бистарӣ шуд

Вакили дифоъ Жанара Балгабоева 21 октябр баъди як моҷаро дар Департаменти пулиси шаҳри Алмато дар “ҳолати пеш аз сактаи мағзӣ” бистарӣ шуд.

Табибон гуфтанд, ки вазъи вакили дифоъ ҳангоми интиқол ба беморхона вазнин буд: “Фишори хуни ӯ боло рафта буд”. Худи Жанара Балгабоева гуфт, дар беморхона зери назорати табибон қарор дорад.

Ба гуфтаи Балгабоева, 21 октябр ӯ барои шинос шудан бо парвандаи фаъоли маданӣ Ноян Раҳимҷонов ба Департаменти пулиси Алмато рафт. Муфаттиш ба ӯ “фишори равонӣ ва ҷисмонӣ оварда, талош кардааст, бо зурӣ санадҳоро аз дасти ӯ бигирад. “Дар натиҷа ман фарёд задам, ки “Кумак кунед!”, – изҳор дошт вай. Баъди ин ҳодиса вазъи сиҳатии вакили дифоъ бад шуда, ӯро ба беморхона бурдаанд.

Дар шарҳи сухангӯи Департаменти пулиси Алмато Салтанат Азирбек гуфта шудааст, ки “ҳолати фишори равониву ҷисмонӣ овардан ва расонидани осеби ҷисмонӣ ба Балгабоева расман тасдиқ карда намешавад”. Намояндаи пулис гуфт, вакили дифоъ аз вазъи сиҳатияш шикоят кард, бинобар ин, ӯро ба бемористон интиқол доданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар Қазоқистон фишор ва таҳдид ба вакили дифоъ зиёд рух медиҳад. Балгабоева зидди муфаттиш ба пулис шикоят кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.