Вакилони амрикоӣ гуфтанд, русҳо аз Путин хаста шуданд

Ду вакили мардумии баландпояи Амрико, Русияро барои баргузор накардани “интихоботи озоди маҷлисҳои маҳаллӣ” танқид карданд.

Дар баёнияи муштараки Элиот Эгел, вакили Ҳизби демократ ва Майкл Маккаул, вакили Ҳизби Ҷумҳурихоҳ омадааст, раҳпаймоиҳо бо талаби интихоботи озод “ҳамроҳ бо вокуниши Кремл ба он, далели дигарест, ки мардуми Русия аз шеваҳои истибдодии ҳукуматдории Владимир Путин хаста шудаанд”.

Дар шаҳрҳои гуногуни Русия аз моҳи июл ба ин тараф ҳазорон нафар бо талаби интихоботи озоду одилона ва барои роҳ наёфтани номзадҳои мухолифон ба интихоботи маҷлисҳои шаҳри Маскав ва Санкт Петербург тазоҳурот карданд. Мақомот мегуфтанд, ки номзадҳои мухолифин натавонистаанд, барои сабти ном ба қадри кофӣ имзо ҷамъ оваранд.

Рӯзи 5-уми сентябр мақомоти интизомии Русия ҳамчунин дафтари Алексей Навалний пешвои мухолифони давлат ва ду қароргоҳи дигари ӯро тафтиш карда ва се нафарро бо худ бурдаанд. Навалний ва ҳамсафонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабар дода ва навиштанд, ки ин се нафар баъд аз муддате озод шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.