Вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳанд

ДУШАНБЕ, 04.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 18 сентябри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо интихобкунандагони худ суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад, мулоқоту суҳбатҳои мазкур дар асоси  дастури Маҷлиси намояндагон сурат мегиранд.

Дар ин муддат вакилони мардумӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар карда, бо интихобкунандагон вомехӯранд.

Ба иттилои манбаъ, дар зарфи як ҳафта вакилони Маҷлиси намояндагон дар вохӯриҳои худ нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоҳн муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат,  санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, шарҳ медиҳанд.

«Мавзӯъҳои вобаста ба сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби сармоягузориву рушди бемайлони соҳибкорӣ ва амалигардии ҳадафҳои стратегӣ дар мулоқоти вакилони мардумӣ бо интихобкунандагонашон баррасӣ хоҳанд шуд», — афзуд манбаъ.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.