Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия эмгузаронии маҷбуриро “кори хато ва ноодилона” номид

Татяна Москолкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия мегӯяд, сокиноне, ки ваксинаи зидди короновирус нагирифтаанд, аз зери  табъиз қарор гирифтани худ ба ӯ шикоят мекунанд.  

Дар ин бора бахши русии Радиои Озодӣ гузориш медиҳад. Ӯ гуфтааст, эмгузаронии маҷбурӣ ошуфтагии саросариро бармеангезад. Барои мисол ӯ аз ширкати азими “Норилский никел” гуфт, ки маъмурият кормандонро ба гирифтани ваксина водор мекунанд, вагарна корманд наметавонад дар тобистон ба рухсатӣ равад ва ё ӯро аз мукофотпулӣ маҳрум месозанд. Москолкова гуфтааст, иқдоми эмгузаронӣ дуруст аст, аммо маҷбур кардани одамон ба ин, “кори хато ва маъракаи ноодилона” мебошад. 

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия дар шарҳи гуфтаҳои Москолкова гуфт, дар масъалаи эмгузаронӣ дар Русия наметавон аз табъиз фирор кард, чун одамони эмнагирифта наметавонанд дар ҳама ҷо фаъолият кунанд.

Песков рӯзи 22-уми июн гуфт: “Воқеяит чунин аст, ки табъиз ногузир ҷой хоҳад дошт. Одамони бидуни масъуният, эмнагирифта наметавонанд дар ҳама ҷо кор кунанд. Ин кор имконнопазир аст, чунки чунин одамон ба саломатии атрофиён хатар эҷод мекунанд”.

Моҳи июн дар пасманзари афзоиши шумораи сирояти COVID-19 баъзе аз минтақаҳо эмгириро барои тоҷирон, ходимони маконҳои умумӣ ва масъулони идораҳои давлатӣ ҳатӣмӣ карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.