Ваксинзании оммавӣ ба зидди СОVID-19 дар Иттиҳоди Аврупо оғоз ёфт

Рӯзи 27-уми декабр дар саросари Иттиҳоди Аврупо ваксинзанӣ ба зидди бемории COVID-19 оғоз ёфт. Мардуми бознишаста, кормандони тиббӣ аз аввалин гуруҳҳое шуданд, ки ваксина гирифтанд. Аракелӣ Ҳайдагои 96-сола аз Испониё, ки пеш аз ҳама дар кишвараш ваксина гирифт, гуфт, “Биёед бубинем, ки оё мо метавонем, ин вирусро аз байн барем.”

Дар Итолиё парастори 29-сола Клаудиа Аливерини дар шифохонае дар Рум ваксина гирифт ва гуфт, “ин лаҳзаи ҳаяҷонангез ва таърихӣ буд”. Қарор аст, Иттиҳоди Аврупо то охири имсол 12.5 миллион дона ваксинаи Пфайзер/Бионтек бигирад, ки барои ваксинзанаи дукаратаи 6.25 миллион нафар кофист.

Аҳолии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 450 миллион нафарро ташкил медиҳад ва ин хонавода саъй дорад, мисли Амрикову Бритониё, Канада ва чандин кишварҳои дигар ҳарчӣ зудтар бо ваксинзанӣ мардуми минтақаро аз бемории  COVID-19 эмин нигаҳ дорад.

Беморӣ то кунун дар Иттиҳоди Аврупо ба 16 миллион нафар сироят карда ва бештар аз 336 ҳазор нафарро куштааст. Себастиян Курз, садри аъзами Австрия гуфт, ваксинзанӣ оғози пирӯзӣ бар пандемияи COVID-19 аст ва ваксинаро тағйирдиҳандаи вазъ номид.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.