Вазъи ду фаъоли мадании қазоқ баъди гуруснанишинӣ бад шудааст

Вазъи ду фаъоли маданӣ аз деҳаи Узинариқи вилояти Туркистони Қазоқистон, ки гуруснанишинӣ эълом карда буданд, 27-уми июн бад шудааст.

Фаъоли маданӣ Нурҷон Абилдаев ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи чорум аст, ки танҳо об менушад. Ӯ, ки аз бемории қанд ранҷ мебарад, мегӯяд, баъди рӯзи дувуми гуруснанишинӣ вазъаш бад шуд,

“Маҷбур шудем, ки “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кунем. Омада диданд, гуфтанд, ки фишори хун баланд шудааст ва бояд бистарӣ шавед, вале ман рад кардам. Ман гуруснанишиниро идома медиҳам”,-афзуд вай.

Вазъи ҷонибдори Абилдаев — Ерлан Файзуллоев ҳам бад шудааст. Саломатии се фаъоли мадании дигар Ҷонмурод Аштаев, Мурод Байдаулетов ва Ермек  Конишбоев, ки ба нишони эътироз гуруснанишинӣ эълом кардаанд, феълан муътадил арзёбӣ мешавад.

Ин фаъолони маданӣ дар эътироз ба қарори додгоҳи Қазоқистон дар бораи мамнуъ эълом кардани ҳаракати мухолифи “Көше партиясӣ” даст ба гуруснанишинӣ задаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.