Вазир гуфт, ки соли гузашта 300 ҷасадро ба Тоҷикистон оварданд

Вазири умури хориҷӣ эълон кард, ки соли гузашта 300 ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро аз хориҷа ба кишвар баргардондаанд. Сироҷиддини Муҳриддин рӯзи 15-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе дар ин бора хабар дод ва гуфт, ин афрод дар натиҷаи тасодуф ва дигар ҳодисаҳо фавтидаанд.

Ӯ афзуд, ки мақомоти вазорати умури хориҷӣ мусоидат кардаанд, то бо вуҷуди маҳдудиятҳои рафтуомад, ин ҷасадҳо аксаран аз Русия ба Тоҷикистон оварда шаванд. Ба қавли вазир, дар соли гузашта бо вуҷуди пандемияи СОVID-19 ҳазорон мусофиру муҳоҷири дармонда дар хориҷаро ба кишвар баргардондаанд.

Дар рӯзҳои аввали бастани марзҳо, садҳо муҳоҷири тоҷик бахусус дар фурудгоҳҳои Русия монданд ва ҳукумати Тоҷикистонро сахт танқид мекарданд, ки натавонистааст, саривақт ба доди онҳо бирасаду ба Душанбе баргардонад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.