Вазири ӯзбек барои баррасии ҳамкориҳову мушкилоти боқимонда ба Душанбе меояд

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷи Узбекистон ҳамин ҳафта ба Тоҷикистон сафар мекунад. Вазорати хориҷаи Узбекистон рӯзи 16-уми феврал хабар дод, ки сафари минтақавии Комилов, ки ба Қазоқистону Туркманистон ҳам меравад, 16-18-уми феврал сурат мегирад.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин сафар хабаре нашр накардаанд, вале вазорати хориҷии Узбекистон гуфтааст, ки ин сафар корӣ аст ва дар ҷараёни диду боздидҳои Комилов, вазъи имрӯзаву дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ, масоили ҳамгироӣ, иқтисод ва нақлиёт баррасӣ мешавад. Ин нахустин сафари Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон баъди пандемияи коронавирус аст.

Соли 2020 ду кишвар ба ҳам ёриҳои башардӯстона фиристоданд. Кӯмакҳои Тоҷикистон моҳи май ба осебдидагони  деҳоти атрофи обанбори рахнашудаи Сардоба равона шуд, ки бештар аз масолеҳи сохтмонӣ иборат буд. Узбекистон дар авҷи пандемия ба Тоҷикистон гуруҳи табибону мутахассисони худро барои кумак дар муқобила бо СОVID-19 ва дорувориву таҷҳизоти тиббӣ фиристод.

Узбекистон яке аз аввалин кишварҳо дар Осиёи Марказӣ буд, ки бо оғози пандемияи коронавирус моҳи марти соли 2020 марзҳояшро баст. Ҳоло ҳам марзи Узбекистон бо Тоҷикистон баста боқӣ мемонад ва танҳо онҳое ба қаламрави ҳамдигар роҳ дода мешаванд, ки бо зарурати кориву таҳсил ё хешутаборӣ ба кишвари ҳамсоя мераванд. Парвози ҳавопаймоҳои Душанбе-Тошканд ҳам аз охири моҳи январ аз сар гирифта шуд.  

Сафари Комилов ба Тоҷикистон як моҳ баъди  музокироти байни гуруҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматӣ  оид ба аломатгузории сарҳади  Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.  Дар ҷараёни ҷаласаи охири моҳи январ  нақшаи кории мулоқоти ҳармоҳаи ду ниҳодро мувофиқа карданд. Анҷоми аломатгузории қитъаҳои баҳсбарангези марзи ду кишвар, ки дар умум 1332 километрро ташкил медиҳад, яке аз ҳадафҳои аслии ин ҳайатҳо мебошад.   

Кадом мушкил аст, ки бояд ҳал шавад

Таҳлилгари тоҷик Нур Сафаров мегӯяд, равобити мардуми тоҷику узбек таърихан ба ҳам печидаву пайваста мебошад, ки дар давоми қарнҳо ба сатҳи ҳамгироии фарҳангиву маишӣ ва иқтисодӣ расидааст. Ӯ мегӯяд, “марҳилаи ҳамкориҳои ками замони президенти нахустин Ислом Каримов ва гармшавии муносиботи даврони Мирзиёев бори дигар собит мекунад, ки равобити раҳбарони аввали давлат дар муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ду кишвар нақши калидӣ доштааст. Мушкилоти миёни ду кишвар вобаста ба манфиати элитаҳо ва ё марказҳои тасмимгиранда дар соату замони мушаххас пайдову ҳал мешаванд”.

Коршинос мегӯяд, дар марҳилаи кунунӣ, миёни Тоҷикистону Узбекистон “ҳамоно масолии марз дар чанд қитъаи сарҳадӣ, энергетика, масоили тамини захираҳои об, ҳамкориҳо дар масоили марбут ба Афғонистону Эрон ва таъмини амнияти минтақавӣ ҳалношуда боқӣ мемонанд”.  

Аз назари Камолиддин Раббимов, таҳлилгари узбеки муқими Аврупо барои Узбекистон масъалаи калидӣ дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дастрасӣ ба захираҳои об мебошад. Ба гуфтаи ӯ, аҳолии Узбекистон, ки замони пошхӯрии шӯравӣ ҳудуди 20 миллион нафар буд ва ҳоло ба 35 миллион нафар наздик шудааст, эҳтиёҷ ба оби ошомиданиро зиёдтар мекунад.

Ӯ мегӯяд, дар бархе қаламравҳои Узбекистон “сол то сол масъалаи хушкиву биёбоншавӣ доғтар мешавад. Дар Самарқанд, Бухоро, вилояти Навоӣ, Хоразму Қароқалпоқистон мардум аз беобӣ хеле азият мешаванд. Бо сари кор омадани Мирзиёев ин масъала ҳарчанд гӯё аз сатҳи расмии баррасӣ бардошта шуд, чун шеваи кори Каримов “маҷбуркунӣ” буд, вале ин масъала дар давраи Мирзиёев ҳам интизори ҳал шудан боқӣ мемонад”.  Ӯ мегӯяд, азбаски обҳои Сирдарё кам асту оби Амударё ба Арал хеле кам ворид мешавад ва Тоҷикистон аз пайи сохтмони ниругоҳи Роғун шуд, масъалаи камбуди об дар Узбекистон торафт ҷиддӣ мешавад.“Ин масъала, аз назари ман, ҳоло дар равобити ду кишвар калидӣ аст”, гуфт Рабимов.  

Сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун, ки Каримов мухолифи сохтмони он буд, танҳо баъди сари ӯ дар соли 2016 аз сар гирифта шуд ва президент Эмомалӣ Раҳмон чандин бор батакрор гуфт, ки “ҳамсояҳо беоб намемонанд”.  Узбекистон баъди даргузашти Каримов ва бо сари кор омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 – равобиташро бо ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон комилан тағйир дод.

Бар асоси созишномаҳои дутарафа, Тошканду Душанбе шарикони стратегӣ ҳастанд. Соли 2019 мақомот гузориш доданд, ки дар қиёс бо соли 2014, табодули молу коло миёни Тоҷикистону Узбекистон якбора боло рафта, аз 13 миллион доллари соли 2014 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 баробар шуд. Ба навиштаи “Азия-Плюс”, бо сабаби пандемияву баста будани марзҳо, ин нишондод 7,8 дарсад коҳиш ёфт. Ба навиштаи манбаъ, ҳоло дар Тоҷикистон 51 ширкат бо сармояи узбекӣ ва дар Узбекистон 178 корхона бо ширкати сармояҳои тоҷикӣ кор мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.