Вазири Эрон аз хатари мавҷи нави сирояти коронавирус ҳушдор дод

Вазири тандурустии Эрон аз хуруҷи дигарбораи COVID-19 ҳушдор дод, ки ҳоло шоҳиди доман задани навъи тағйирёфтаи вирус шудааст. Айни замон раиси ҷумҳур Ҳасан Руҳонӣ ба телевизиони давлатӣ гуфт, “занги хатари чаҳорумин мавҷи коронавирус” баланд шудааст.

Камаш 9 шаҳру маҳаллаҳоро дар ҷанубуғарби Эрон рӯзи 12-уми феврал манотиқи зери хатари баланди сирояти вирус эълон карданд. Саид Намакӣ, вазири тандурустии Эрон рӯзи 13-уми феврал зимни мулоқот бо раҳбарони донишкадаҳои тиббӣ гуфтааст: “Рӯзҳои сахте меоянд ва шумо бояд барои мубориза бо сирояти сахти навъи тағйирёфтаи вирус омода бошед, ки мутаасифона ба кишвари мо сироят кардааст.”

Ба гуфтаи Намакӣ ҳафтаи гузашта се нафар аз вируси нахуст пайдошуда дар Бритониё фавтидаанд. Яке аз онҳо зани 71-солае будааст, ки ба ҷое сафар накардааст, аз ин рӯ ба гуфтаи вазири тандурустии Эрон шояд, вирус ба зудӣ “дар ҳар шаҳр, русто ва хонаводае” пайдо шавад.

Саид Намакӣ аз мардумти Эрон хост, аз гирдиҳамоиҳо парҳез кунанд, “то арӯсиҳоро ба сӯгворӣ” табдил надиҳанд.  Дар Эрон ваксинзанӣ ба зидди коронавирус рӯзи 9-уми феврал оғоз шуд. Бино ба гузориши мақомоти расмӣ, вирус дар Эрон ба 1.5 миллион нафар сироят карда ва тақрибан 59 ҳазор касро куштааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.