Вазири хориҷии ИМА барои ибрози ҳимоят аз Украина роҳии Киев шуд

Энтони Блинкин, вазири умури хориҷии Амрико барои ҳимоят аз Украина имруз, чаҳоршанбеи 5-уми май озими ин кишвар шуд. Ин сафар баъд аз он сурат мегирад, ки Русия моҳи гузашта неруҳои худро аз марзи Украина ва Қрим дур кард.

Нед Прайс, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар баёнияе гуфт, сафари Блинкин ба Украина нишон медиҳад, ки ИМА дар баробари ҳуҷуми феълии Русия, аз истиқлол ва тамомияти арзии Украина ҷиддӣ пуштибонӣ мекунад.

Ҷойгиршавии нерӯҳои Русия дар наздикии марзҳои шимолӣ ва шарқии Украина ва низ дар Қрим, ки Маскав дар соли 2014 онро ишғол кард, боиси нигаронии Киев, Бруссел ва Вашингтон аз боло гирифтани танишҳо шудааст.

Маскав рӯзи 23-юми апрел эълон кард, ки ба берун кардани нерӯҳояш оғоз намуд ва ҳафтаи гузашта низомиёни Русия гуфтанд, ки бештарин қувваҳо ба қароргоҳҳои доимии худ баргаштанд. Филипп Реекер, як дипломати баландпояи амрикоӣ барои Аврупо, ҳафтаи гузашта ба хабарнигорон гуфт, ки ИМА вазъро аз наздик муроқибат мекунад.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, оқои Блинкин бо Володимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дидору гуфтугӯ мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.