Хоҳиши Рамазон Раҳимзода аз ҳамтои русияи ҷиҳати таҳқиқи навори “Қатли тоҷик””

ДУШАНБЕ, 03.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» дирӯз иттилоъ дода буд,  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода вобаста ба ҳодисаи лату кӯби бераҳмонаи ҷавони тоҷик аз ҷониби скинхедҳои Россия (гурӯҳи миллатгароёни рус), ки навори он 30 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид,  худи ҳамон рӯз ба  Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия  Владимир  Колоколтсев барқия ирсол намуд. Дар барқия аз  В.Колоколтсев  хоҳиш гардид, ки ҷиҳати сари вақт ошкор кардани ҷинояти мазкур ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон ва таҳти назорати қатъӣ гирифтани тафтиши ин ходисаи нангин мусоидат намояд.

 Дирӯз В. Колоколтсев дастур дод, ки навори дар шабакаи Интернет паҳнгардидаи лату кӯби шаҳрванди эҳтимолии Тоҷикистонро, ки мавриди таваҷҷуҳи Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон қарор гирифтааст, тафтиш намоянд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора 2-юми сентябр намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Россия Ирина Волк ба хабарнигорон иброз доштааст.

«Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерали политсия Владимир Колоколтсев ба сохторҳои дахлдори вазорат супориш дод, ки аз рӯи далели дар шабакаи Интернет  ҷой додани навори амалҳои зӯроварӣ нисбат ба як нафар мард, эҳтимолан, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиш гузаронанд», — гуфт И. Волк.

Ба гуфтаи ӯ, феълан ҳаққонияти навор, инчунин шахсияти иштирокчиёни дар он сабтшуда, сана, ҷой ва дигар ҳолатҳои содир намудани ҷиноят тафтиш карда мешаванд.

«Навори лату кӯби муҳоҷири меҳнатӣ 30 август дар шабакаи Интернет паҳн гардид. Ин ҳамла кай ва дар кадом минтақаи Россия рух додааст, ҳоло маълум нест», — менависад ТАСС.

АМИТ «Ховар» пайгирии ҷараёни тафтишоти ҷинояти мазкурро идома медиҳад.

ДАР АКС: вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия Р.Раҳимзода ва В. Колоколтсев. Акс аз бойгонӣ.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.