Вазири корҳои хориҷии Русия бо президенти Эрон гуфтушунид кард

Сергей Лавров, вазири корҳо хориҷии Русия рӯзи чаҳоршанбе вориди Теҳрон шуд ва бо ҳамтои эронии худ ва Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон мулоқот кард. Расонаҳои эронӣ ҳадафи сафари Лавров ба Теҳронро музокира баҳри тақвияти равобити дуҷониба, ҳамкориҳои энержӣ ва гуфтугӯ атрофи масоили байнулмилалӣ ва минтақаӣ унвон кардаанд.

Манбаъ: Asiaplustj.info

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.