Вазири маориф баҳси маршировкаро хасакӣ номид

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба танқидҳои ахир дар бораи маршировкаи донишҷӯён посух дод ва баҳсҳои атрофи ин мавзӯъро “як чизи хасаки” номид.

Даҳҳо донишҷӯйи донишгоҳҳои муқими Душанбе ин шабу рӯз барои таҷлил аз 30-солагии истиқлол дар роҳпаймоиҳо машқ мекунанд ва ин кор интиқодҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи маршировка он қадар баҳсе ба миён омадааст, ки “гӯё дар Тоҷикистон ягон мушкилоти дигар набошад.”

“Ин қадар мушкиле, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст, касе намешунавад. Бачаҳо омада машқ мекунад меравад, пагоҳӣ мераванд футбол бозӣ мекунанд. Пеши роҳи ӯро ҳам бигирем? Як машқи ҷисмонӣ аст, на ба дарс, на ба низоми таълимӣ халал намерасонад, берун аз дарс аст. Ба сатҳи маърифати мову шумо ҳамин чиз мувофиқ нест”,- гуфт Имомзода. 

Вале бисёриҳо ба мавқеи Вазорати маориф розӣ нестанд. Ҷалби донишҷӯён, ки ба гуфтаи муҳассилин дар аксар ҳолат маҷбурӣ сурат мегирад, интиқоди зиёдеро ба миён овардааст. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ташкили издиҳом дар шароити пандемияи короновирус хавфнок аст, чун метавонад паҳншавии бемории COVID-19-ро тезонад.

Аммо Вазири маориф гуфт, ба хотири таҷлили ҷашни Истиқлолият ин чиз зарур аст. Маҳмадюсуф Имомзода аз карнавалҳо дар кишварҳои амрикоӣ ҷанубӣ мисол овард, ки дар он даҳҳо нафар ширкат мекунанд.

“Биёед онҳоро ҳам танқид мекунем. Ман бисёр хоҳиш мекунам, ки нисбати ин масъала камтар бошуур, бомаърифат бошед. Ин ихтиёрӣ ва берун аз дарс аст. Як соат аст. Машқи ҷисмонӣ аст. Тамоми иштирокчиёни ин маъракаҳо ваксина қабул карда истодаанд. Мо ба ягон роҳи бад ба роҳи ҷиноят ҳидоят накарда истодаем”,-афзуд вазири маориф.

Мақомот дар Тоҷикистон 15 ҳазор донишҷӯйи донишгоҳҳои пойтахтро барои ширкат дар роҳпаймоиҳо ва намоишномаҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷалб кардаанд. Маросим 9-уми сентябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.