Вазири маорифи Қирғизистон баъди танқидҳо аз мақом барканор шуд

Гулмира Кудайбердиева, вазири маориф ва илми Қирғизистон аз мақом барканор шуд. Дар ин бора фармони президенти Қирғизистон Сооробой Ҷеенбеков содир шуд. 

Маркази матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод, ки вазири маориф дар бораи қатъ кардани фаъолияташа ариза навиштааст.

Вазорати маориф ва илми Қирғизистон дар як соли охир бо баҳонаҳои мухталиф борҳо танқид шуд. Иштибоҳ дар китобҳои дарсӣ вокуниши саросариро ба бор овард. Ҳамчунин ба хатмкардаҳои соли хониши 2018-2019 номаҳои камоле дода шуд, ки иштибоҳ доштанд.

Ҳафтаи ҷорӣ таъсиси мактаб дар хонаҳои оҳанин (контейнер) дар деҳаи Кенеши вилояти Норин баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.