Вазири молия аз эҳтимоли боло рафтани маош дар Тоҷикистон хабар дод

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ сухангӯйи нави Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон

Сухангӯйи пешини Вазорати умури хориҷаи Афғонистон, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ сухангӯй ва раиси Кумитаи равобити стратегии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъйин шуд.  Худи Аҳмадӣ рӯзи сешанбеи 23-юми ноябр дар суҳбат бо рӯзномаи “8 субҳ”-и чопи Кобул инро таъйид кардааст.

Аҳмадӣ пас аз се моҳ ба ҷойи Муҳаммад Фаҳими Даштӣ сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд таъин шуд. Фаҳими Даштӣ 5 сентябр, замони ҳамлаи “Толибон” ба Панҷшер ба шаҳодат расида буд.

Сибғатуллоҳ Аҳмадии 38-сола зодаи шимоли Афғонистон мебошад, ки донишгоҳро дар Ҳинд дар риштаи таърих ва улуми сиёсии Донишгоҳи Деҳлӣ ба поён расонидааст.

Путин ба пизишки тоҷик дар Русия ҷоиза дод

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба як табиби тоҷик барои саҳмаш дар мубориза бо коронавирус ордени ба номи Пироговро тақдим кардааст. Духтури кӯдакона, Сурайё Абдуллоева, 35 сол собиқаи корӣ дорад ва дар бемористони марказии ноҳияи Шатури вилояти Маскав фаъолият дорад.

Ордени Пирогов барои корнамоиҳо ҳангоми ироаи кумаки тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаву хатарнок, эпидемия ва амалиёти ҷангӣ ба табибони Русия дода мешавад.

Вазир аз эҳтимоли боло рафтани маош дар Тоҷикистон хабар дод

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, барои зиёд кардани маош дар соли оянда “кор карда истодаанд.” Ӯ рӯзи 24-уми ноябр дар ҳошияи ҷаласаи порлумон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтааст, дар сурати розӣ шудани ҳукумат “омодаанд, аз буҷа маблағ ҷудо кунанд”.

“Мо дар самти зиёд намудани ҳадди ақали музди меҳнат ва маош корбарӣ карда истодаем. Албатта, дар доираи қабул гардидани иқдомоти зарурӣ аз ҷониби ҳукумати мамлакат имконият дорем, ки барои соли оянда маблағҳои заруриро аз буҷа барои ин самт равона кунем,” — гуфт вазир.

Феълан маоши миёна дар кишвар 1300 сомонӣ ва ҳадди миёнаи нафақа 321 сомонӣ аст. Дар пасманзари боло рафтани нархи маҳсулот ва роҳкиро бисёриҳо талаб доранд, ки маошу нафақа ҳам зиёд карда шавад.

33 млрд сомонӣ. Порлумон қонуни буҷаи соли 2022-ро пазируфт

Вазорати молияи кишвар ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2022-ро 33 миллиард сомонӣ муқаррар кардааст. Ин рақамро имрӯз вазири молия Файзиддин Қаҳорзода дар иҷлосияи вакилон порлумон барои қабули қонуни буҷа барои соли 2022 эълон кард.

Вакилони порлумон қонуни буҷаи соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-24-ро пазируфтанд.

Вазири молия гуфт, ҳаҷми даромади буҷа 33 млрд сомонӣ ва қисми хароҷоти он 33,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи вазири молия бояд 21,9 млрд сомонии буҷа дар соли 2022 бояд аз ҳисоби воридоти андозиву ғайриандозӣ ҷамъ шавад.

Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Эҳтиёт кунед, ба доми миёнаравҳо наафтед

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ворид гардидан ба Русия барои бақайдгирии ҷойи зисти муваққатӣ ба доми миёнаравҳо гирифтор нашуда, ҳамроҳ бо соҳибхона барои ба расмиятдарории будубоши муваққатӣ ба шуъбаи кор бо масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Русия (собиқ ФМС) дар наздиктарини ҷойи зисти худ муроҷиат намоянд.

Манбаъ қайд кардааст, ки вақтҳои охир вобаста ба бақайдгирии муваққатии будубоши муҳоҷиратӣ дар қаламрави Русия аз ҷониби миёнаравҳо муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба намояндагӣ зиёд ворид гаштааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор додааст, то ба доми миёнаравҳо, ки ҳуҷҷатҳои бақайдгирии зисти муваққатиро сохтакорона омода менамоянд, гирифтор нашаванд, зеро ҳангоми таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ мушкилӣ пеш меояд.

Сообщение Вазири молия аз эҳтимоли боло рафтани маош дар Тоҷикистон хабар дод появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.