Вазири рушди рақамии Қирғизистон бо гумони талаби пора боздошт шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 20 май хабар дод, ки Азамат Дийканбоев, вазири рушди рақамии он кишварро боздошт кардааст.

Ба иттилои КДАМ, дар асоси шикояти ширкати хориҷие, ки ба амалисозии марҳилаи дувуми тарҳи “Шаҳри бехатар” машғул аст, тафтиши ибтидои шуруъ шудааст.

Азамат Дийканбоев рӯзи 5-уми май муовини раиси девони вазирон – вазири рушди рақамии Қирғизистон таъйин шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.