Вазири тандурустӣ ба “набуди коронавирус” пойфишорӣ кард. Шубҳа рафъ нашуд

Вазири тандурустии Тоҷикистон батаъкид гуфт, ки дар Тоҷикистон давоми як моҳу ду  ҳафтаи ахир “ҳеҷ як ҳолати гирифтории аҳолӣ ба коронавирус” ба қайд гирифта нашудааст. Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, далели ин ҳарфҳои мақомот – тестҳои манфӣ дар озмоишгоҳҳо ва ҳам КТ-тест ё санҷиши рентгенологии вазъи шуш мебошад.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки шубҳа ба дурустии ҳарфи мақомоти тоҷик, ки соли гузашта барои давоми ҳафтаҳои тӯлонӣ рад кардани вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон интиқод шуданд, ҳамоно вуҷуд дорад. Дар ду моҳи ахир ҳам изҳороти вазорати беҳдшт суолҳоеро эҷод кардааст. Ахиран Русия гуфт, ки тими мутахассисони худро барои таҳқиқи вазъи эпидемиологии Тоҷикистон мефиристад. Мақомоти вазорати меҳнат ва муҳоҷират сафари мутахассисони русро бо барномаҳои азсаргирии парвозҳои муҳоҷирон ба Русия рабт доданд.  

Мақомот мегӯянд, ки дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 90 ҳолати марги инсонҳо бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.