Вазирони корҳои хориҷии 15 кишвар ҳафтаи оянда ба Душанбе меоянд

Дар нуҳуми Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки рӯзи 30-юми март дар Душанбе оғоз мешавад, вазирони умури хориҷии 15 кишвар иштирок мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, ин ҳамоиш бо суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ оғоз мешавад.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 23-юми март иттилоъ дод, ки дар ин ҳамоиш иштирок ва суханронии вазирони умури хориҷии 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, 16 кишвари кӯмакрасон ва раҳбарони 16 созмони минтақавию ҷаҳонӣ дар шакли онлайнӣ ё маҷозӣ, дар назар аст. Конфронс бо қабули “Эъломияи Душанбе” ва ҳам як нишасти матбуотӣ бо ширкати вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон ба анҷом мерасад.

“Қалби Осиё – раванди Истанбул” як ибтикори минтақавӣ бо ташаббуси Афғонистон ва Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст. Ҳадафи он мусоидат ба рушди Афғонистон дар арсаҳои мухталиф мебошад.

Нишастҳои қаблии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” аз соли 2011 то ба ҳол дар Истанбул, Кобул, Алмато, Пекин, Исломобод, Амритсар ва Боку баргузор шудаанд.

Кишварҳои ширкаткунанда дар ин раванд Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.