Вазирони НАТО нирӯҳо дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд

Рӯзи 18 феврал дар ҷаласаи вазирони дифои НАТО масъалаи то куҷо то охири моҳи апрели имсол иҷро шудани нақшаи берунравии нирӯҳо аз  Афғонистон баррасӣ мешавад. Ин талаб яке аз бахшҳои муҳими созиши сулҳи ИМА ва Толибон аст, ки соли гузашта имзо шуда  шарти иҷрояш хатми хушунатҳо дар саросари Афғонистон буд. Ҷаласаи дурӯзаи вазирони НАТО, ки 17 феврал оғоз ёфт, аввалин ҳамоиш баъди дар ИМА сари кор омадани маъмурияти президент Ҷо Байден мебошад. Дар рӯзи аввали ҷаласа масъалаи муаррифии нақшаи ислоҳот ва навсозии паймони низомӣ баррасӣ шуд.

Рӯзи 18 феврал қарор аст рисолати НАТО дар Ироқ ҳам матраҳ шавад. Маъмурияти Байден гуфтааст, ки ИМА созиш бо Толибонро аз назари иҷрои тааҳҳудот аз ҷониби гурӯҳи шӯришӣ бозбинӣ мекунад. Ӯҳдадории асосии Толибон дастёбӣ ба оташбас ва пайвастан ба музокироти комил бо ҳукумати Афғонистон мебошад. Созиш инчунин пешбинӣ мекунад, ки то оғози моҳи май ҳама нирӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк мекунанд ва бар иваз, гурӯҳи шӯришӣ бояд даст аз хушунату ҳамлаҳо бардошта бо Ал-Қоида ҳам равобиташро қатъ кунад. Вале масъала ин аст, ки ҳатто баъди оғози музокираҳои мустақими Толибон ва аъзои ҳукумати Афғонистон дар моҳи сентябр дар кишвари Қатар, мавҷи хушунатҳо дар Афғонистон кам неву зиёд шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.