Вазъият дар Қаробоғи Кӯҳӣ “муташанниҷ шудааст”

Вазъият дар Қаробоғи Кӯҳӣ, минтақаи мавриди низои байни Озарбойҷону Арманистон, рӯзи 8-уми октябр “муташанниҷ шудааст”. Як рӯз пеш аз ин, байни ду тараф даргириҳои шадид сурат гирифт. Ин дар ҳолест, ки талошҳо барои эҷоди оташбас миёни Арманистону Озарбойҷон босуръат давом дорад. Вазорати дифои Арманистон гуфт, нерӯҳои арманитабори Қаробоғи Кӯҳӣ, ки Эрон аз онҳо пуштибонӣ мекунад, субҳи панҷшанбе ҳамлаҳои нирӯҳои Озарбойҷонро зада баргардондаанд. Озарбойҷон то ҳол дар ин маврид чизе нагуфтааст. Минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ дар қаламрави Озарбойҷон ҷойгир аст ва аксари аҳолии он арманӣ мебошанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.