Вазорат аз як рӯзи дигар “пок аз вирус” дар Тоҷикистон хабар дод

Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар 24 соати гузашта ва то рӯзи 9-уми январ ягон мавриди нави бемории COVID-19-ро сабт накардааст. Дар як ҳафтаи ахир бори чандум аст, ки вазорат мегӯяд, рӯзона ягон ва маврид, ё аксаран то 5 гирифтори бемориро сабт мекунад. Аз рӯзи 30-уми апрел то кунун ба гуфтаи вазорати тандурустӣ коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 13305 кас сироят карда, 90 нафарро куштааст.

Ба гуфтаи мақомоти вазорат то ҳол андаке бештар аз 99 дар сади беморон шифо ёфтаанд ва бақия “бо аломатҳои сабук” дар хона муолиҷа мегиранд. Аз рӯзҳои аввали хуруҷи бемории COVID-19 мақомоти Тоҷикистонро ба пинҳон доштани сирояти беморӣ дар кишвар муттаҳам мекарданд ва ҳоло ҳам шубҳаву гумон дар бораи омори расмӣ зиёд аст.

Азбаски дар баҳор ва аввали тобистони соли гузашта маргумир бахусус ба сабаби бемории ба гуфтаи мақомот “илтиҳоби шуш” зиёд шуд, мутахассисон мегӯянд, миқёси бемориву талафот аз он дар Тоҷикистон ба маротиб зиёдтар аз оморест, ки вазорати тандурустӣ нашр мекунад.

Мақомоти вазорат нагуфтаанд, чӣ гуна ба онҳо муяссар шуд, ки ин бемории вогирро зери назорат дароранд, аммо эълон додаанд, ки барои кӯмак дар ваксинзании саросари аҳолӣ ба зидди СОVID-19 ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардаанд ва посухи мусбат ҳам гирифтаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.