Вазорат: То 40 дарсади тоҷикистониҳо бар зидди COVID эм шудаанд

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, дар ин кишвар то 40 дарсади афроди аз 18-сола боло бар зидди COVID-19 эм шудаанд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 20 -уми сентябр беш аз 2 миллиону 307 ҳазор нафарро эм кардаанд. Аз ин миён, ба қавли  мақомоти, тақрибан нисфашон вояи дуввуми ваксинаро ҳам гирифтаанд. Санҷидани дурустии ин омор тавассути манобеи мустақил имкон надорад, вале бино ба иттилои матбуот, дар миёни бархе сокинони ин кишвар шубҳа ва ҳарос аз гирифтани воксина эҳсос мешавад  ва на ҳар калонсол омода аст, ки пурра эм карда шавад. 

Барои моякубии сокинон дар муқобили коронвирус аз  ваксинаҳо CoronoVac, AstraZeneca,  Moderna,  Pfaizer ва “Спутник-V” истифода мешавад.

Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба воксинаҳо асосан бо ёрии барномаи  COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ имконазир шудааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.